Navju Education

Қоидаҳои корбарии барномаи мобилии
“Navju Education”


Ин саҳифа нақши шартномаи маъмурияти барномаи мобилии “Navju Education” (бо фарогирии тамоми намуна(версия)-ҳои он) бо корбарони онро иҷро карда, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳоро муайян менамояд. Ҳар як шахс дар баробари истифодаи барномаи мазкур бо ин шартнома шинос будан ва қоидаҳои корбарии онро эътироф ва риоя карданро тасдиқ мекунад.


1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

1.1. Барнома – барномаи мобилии “Navju Education” барои СО Андроид.
1.2. Маъмурият – нафароне ки масъулияти таъмини хизматрасонии қонеъкунанда ва ҷавобгарӣ дар ҳар амалеро ба дӯш доранд.
1.3. Корбар – истифодабарандаи барнома.
1.4. Нигошта – ҳар он чӣ ки дар барнома ҷойгир карда шудааст.



2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2.1. Navju Education барномаи омӯзишӣ буда, моли “Навҷӯ” мебошад.
2.2. Барнома ба корбар имкон медиҳад, ки аз матолиби он ба шарти риояи қоидаҳо истифода намояд.
2.3. Нигоштаҳое, ки дар вебгоҳҳои дигар ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи барнома нашр мешаванд, метавонад, ба он тааллуқ надошта бошад.
2.4. Дурустии далелҳои дар навишта овардашуда бар зиммаи муаллифон аст. Маъмурият нигоштаҳоро аз сарчашмаҳои озоди интернет бо ишораи манбаъ дар барнома ҷойгир мекунад.
2.5. Барнома ба хотири таъмини сифати баланди кор аз дастгоҳи корбар маълумот дар бораи пайвастшавӣ ба интернет, хатоҳои техникие ки зимни истифодаи барнома ба амал меояд, дастрас мекунад.



ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

3. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ КОРБАР

3.1. Корбар ҳуқуқ дорад:
3.1.1. Аз матолиби барнома бо риояи қоидаҳои он истифода кунад.
3.1.2. Ба маъмурияти барнома эътироз ва пешниҳодҳо намояд.
3.1.3. Озодона аз истифодаи барнома даст бикашад.
3.1.4. Бо нишон додани сарчашма нигоштаҳои барномаро дар дигар ҷойҳо истифода барад.
3.1.5. Агар дар навиштае ба хато вохӯрад, ислоҳи онро ба маъмурият фиристад.

3.2. Корбар ҳуқуқ надорад:
3.2.1. Нигоштаҳои дигаронро аз номи худ дар дигар ҷойҳо муаррифӣ кунад.

3.3. Корбар уҳдадор аст:
3.3.1. Ҳангоми истифодаи матолиби барнома дар дигар ҷойҳо ба сарчашмаи он ишора намояд.



4. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ МАЪМУРИЯТ

4.1. Маъмурият ҳуқуқ дорад:
4.1.1. Ба шартномаи мазкур бе огоҳ кардани корбарон тағйирот ворид кунад.

4.2. Маъмурият уҳдадор аст:
4.2.1. Шароити хуби истифодаи барномаро барои корбарон таъмин намояд.
4.2.2. Мушкилҳои техникии бавуҷудомадаро сари вақт бартараф намояд ва маълумоти дар натиҷаи мушкили техникӣ нест гардидаро барқарор созад.
4.2.3. Санаи охирини тағйироти шартномаи мазкурро дар поёни ин саҳифа нишон диҳад.



5. ШАРТҲОИ ХОТИМАВӢ

5.1. Дар сурати пайдо шудани мушкилҳои техникӣ ва ё дахолати ғайриқонунии шахсони бегона уҳдадориҳои тарафҳо бекор карда мешаванд.
5.2. Маъмурият метавонад, шартҳои истифодабарии барномаротағйир диҳад.
5.3. Дар сурати розӣ набудан бо шартҳои мазкур аз истифодаи барнома даст бояд кашид.
5.4. Корбари барнома имкон дорад, ки дархост, пешниҳод ва ё шикояташро тариқи почтаи электронии info@navju.tj ё саҳифаи “Тамос“-и барнома фиристад.


Охирин тағйир: 23.12.2019